7.04.2023
Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи фаъолон машварати корӣ баргузор намуд.
Дар машварат чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:
1. Рафти даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Рафти кишти баҳорӣ.
3. Рафти тақсимоти тухмии кирмак.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Дар ҷамъомад муовин, роҳбарият ва кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ходимони соҳаи тиб, маориф, намояндагони расонаҳои хабарӣ, собиқадорон, фаъолзанон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Дар оғоз Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба ҷоннок намудани корҳо дар самти даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии онҳо ва тарғиби худшиносии миллӣ сухан гуфта, ба масъулин дастур дод.
Баъдан, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро таҳлили амиқ намуда, барои вусъати корҳои кишту кори баҳорӣ, тақсимоти саривақти тухмии кирмак супорид дод.
Раиси ноҳия бо назардошти нархҳо дар бозор ба масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия дастур дод, ки ба кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавотҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.
Дар фарҷом Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар назди масъулин вазифагузорӣ намуда, баҳри иҷрои он дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия