АШТ: РАИСИ НОҲИЯ СИТОД БАРГУЗОР НАМУД.

 419 боздид

19.04.2023

      Имрӯз, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи фаъолон ситоди корӣ баргузор намуд.

     Дар ҷамъомад муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ,  роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ходимони соҳаи тиб, маориф, собиқадорон, фаъолзанон ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

         Дар оғоз Раиси ноҳия иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳияи Ашт Сӯҳроб Салимзодаро ба фаъолони ноҳия муаррифӣ намуд.

    Сипас, иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳия Салимзода Сӯҳроб “вобаста ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” маълумоти муфассал дод. Зимни баромад зикр гардид, ки дар тарбияи насли меҳанпараст ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳо новобаста аз шакли молкият тибқи қонунҳои амалкунанда вазифадор аст.”

Дар идома, аз рафти иҷрои қарори Президенти мамлакат ва  Раиси вилояти Суғд, ноҳия  “Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел-майи  соли 2023”  гузориши раиси комиссияи даъват Маҳмудзода Ҷамшед шунида мешавад.

    Дар машварати васеи корӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба ҷоннок намудани корҳо дар самти бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, пешгири аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дастури қатъӣ дод.

     Баъдан, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқро таҳлили амиқ намуда, барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ, содироти зардолу, саривақт пардохти маблағи андоз, ҷалби маблағҳои хориҷӣ, дар фурсати кӯтоҳ анҷом додани кишти пумбадона,  таъмини мардум бо ҷойи нави корӣ, рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна,  дастуру супоришҳо дод.

     Дар фарҷом Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар назди масъулин вазифагузорӣ намуда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.