АШТ: РАИСИ НОҲИЯ ВА РЕКТОРОНИ ДОНИШГОҲҲО БО ХАТМКУНАНДАГОН МУЛОҚОТ НАМУДАНД.

 6 759 боздид

09.02.2023
Санаи 09 феврали соли равон дар толори Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, тибқи ҷадвали тастиқгардидаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд- Саидӣ Дилафрӯз Рабизода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров- Усмонзода Аюб, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон-Шарифзода Муъмин Машокир, муовини директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд- Мирпочоев Далер, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, ректори донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тожикистон дар шаҳри Хуҷанд Эгамов Худойбердӣ, ректори Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ Охунзода Осимхон Алихон ширкат намуданд.

Дар даромадгоҳи МДВ “Театри мусиқӣ драмавии ба номи Маҳмуджон Воҳидов” маҳсули ҳунармандии хонандагони муассисаҳои таъмилии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуда, баъди боздид аз тарафи меҳмонон баҳои баланд дода шуд.

Нахуст, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода сухан намуда, баён дошт:
“Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои ҷавонону наврасон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст. Мебояд, ҳар ҷавони ояндасоз шукронаи чунин меҳрубониҳо намуда, барои ояндаи нек қадамҳои устувор гузорад. Зеро, фардои Тоҷикистони азиз ва рушди босураъти мамлакат маҳз аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техналогияҳои зарурӣ таъмин буда, ҷавобан бояд ҳар як хонанда бо хониши хубу аъло таҳсил намояд. Ватандорию ватанпарастӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи инсонӣ буда, нафареро, ки Ватан-Модарро азизу гиромӣ медорад, беҳтарин инсон номидан лоиқ аст. Дар даврони Шӯравӣ нафаре, ки ба хизмати ҳарбӣ мерафт, ҳамагон марди шуҷою далер меҳисобиданд. Бинобар он ҳар ҷавони ба камол расида, бо хоҳиши худ ва дуои неки падару модар ба хизмати Ватан –Модар мерафт, то оилаи худ ва Ватани азизашро аз душман ҳифз намояд”.

Баъди баромади Раиси ноҳия ҷавонписарони хатмкунанда илҳом гирифта, бо амри дил аз ҷой бархеста, иброз доштанд, ки баъд аз хатми муассисаи таълимии миёнаи умумӣ ба хизмати Модар-Ватан рафта, қарзи фарзандии хешро ба сомон мерасонанд. Аз ҷумла, хонандагони МТМУ №13 Ғоибов Шарифҷон, МТМУ № 6 Холмирзоев Ғуломҷон, МТМУ № 5 Аюбзода Ҳумоюн баромад намуда, қайд карданд, ки дар даъвати баҳорӣ омода ҳастанд, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Баъдан мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Султонзода Тоҷибой баромад намуда, вобаста ба дастъовардҳои соҳаи маъориф ва имкониятҳои васеи интихоби боргоҳи таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ба самъи хонандагон вобаста ба сифати таълим ва имкониятҳои мусоиди донишгоҳҳои худ маълумот пешниҳод намуда, даъват ба амал оварданд, ки хонандагон интихоби дуруст намоянд.

Дар идома, хатмкунандагон вобаста ба шароит ва имтиёзҳои донишгоҳҳо аз роҳбарони муассисаҳои тасилоти олии касбӣ пурсиш намуда, ҷавоби мушаххас гирифтанд.

Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун рамзи эҳтиром бастаи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода тақдим намуданд.

Баъдан ба самъи ҳозирин барномаи рангинӣ бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия пешниҳод карда шуда, табъи иштирокдоронро болида намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.