Ашт: Роҳ мумфарш мешавад

 1 258 боздид

Дар ҷамоати деҳоти Ашти ноҳия мумфаршкунии роҳҳои дохили ҷамоат бомаром идома дорад. Дар ин бора ба Хадамоти матбуотии ноҳияи Ашт раиси ҷамоати мазкур Ёрматов Шавкат иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ то ҳол зиёда аз 2,5 км роҳи мошингард бо сифати хуб мумфарш карда шуд. Соҳибкорон ва сокинони ҷамоат низ барои мумфаршкунии роҳ саҳми худро гузоштаистодаанд.

Масъулин мегӯянд, бо қадри имкон боз зиёда аз 20 км роҳи ҷамоатро таъмир намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт мумфаршкунии роҳҳои дохили ноҳия оғоз гардида, то ин дам дар ҷамоати Понғоз, Шайдон ва Шодоба роҳҳо мумфарш гардиданд.

Дар ин раванд соҳибкорон низ барои мумфаршкунии роҳҳои дохили маҳаллаҳо саҳми худро гузоштаистодаанд. Чанд роҳи дохили маҳаллаи Судҷаи ҷамоати Понғоз ва кӯчаҳои дохили ҷамоати шаҳраки Шайдон низ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш гардид.

Моҳруи Қурбон

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.