Дар пайи мулоқот ва вохуриҳои пайвастаи Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳия дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сокинон бо шукргузори аз давлатдорӣ ба мумфарш кардани роҳҳо машғул ҳастанд. Аз оғози сол то имруз тақриба 60 километр роҳҳо мумфарш гардид ва ин раванд идома дорад, ки боиси ибрат мебошад.
Пас аз мулоқоти самимии Шӯҳрат Муҳаммадзода скоинони деҳаи дурдастӣ Мулломири Ҷамоати шаҳраки Шайдон азм кардан роҳи дохили деҳаро пурра бо асфалти гарм мумфарш кунанд.
Ҳоло кор дар ин раванд идома дошта Раиси ноҳия бо ҳамроҳи масъулин ба деҳаи зикргардида ташриф оварда, ба сокинон барои пайрави ба иқдоми ободкоронаи Пешвои муаззами миллат изҳори сипос гуфт.
Сокинон дар вақти мулоқоти самимӣ иброз доштанд, ки омода ҳастанд барои иодомаи ташаббуси Пешвои муаззами миллат беш аз 10 километро роҳҳоро мумфарш кунанд.
Бояд гуфт, ки мумфарш кардани роҳ тариқи ҳашар дар ноҳия ба раванди маъмули мубаддал гаштааст.
Хадамоти матбуоти Раис ноҳия