АШТ: Роҳпаймоии идона ва намоиши театркунонидашудаи фарҳангӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 311 боздид

Санаи 9-уми сентябри соли 2021 дар варзишгоҳи марказии ноҳия чорабинии идона бо барномаи васеи тетаркунонидашудаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия, собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва зиёда аз 5000 (панҷ ҳазор) нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ роҳпаймоии идона ба ифтихори солгарди 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сараввал намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло ба сухан баромада, иброз доштанд: “Ҳамаи Шуморо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан ҷашни бузургу муқаддас мебошад, аз номи худам ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони кишвари маҳбуб, аз ҷумла ба сокинони шарафманди ноҳияи Ашт хушбахтиву саодати ҳамешагӣ, иқболи нек ба Тоҷикистони азизамонумри ҷовидона таманно менамоям.
Дар ҳақиқат, ба ин ҳама сисола дастоварду пешравиҳои давлати миллиамон, ки бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидем, арзиши садсолаҳоро дорад.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем.
Бинобар ин, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба қадри ин арзишҳои гаронбаҳо расида, ин неъмати бебаҳоро ҳимоя ва ҳифз намоем.
Имрӯз ба шарофати сулҳу суботи сартосарӣ дар тамоми қаламрави кишвар раванди ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо карда, танҳо дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин раванди созандагӣ сокинону соҳибкорони ноҳияи Ашт саҳми назаррас гузоштанд. Дар ноҳия низ садҳо иншоотҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 1000 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Имтинон дорам, мардуми сарбаланди ноҳия минбаъд низ баҳри бартараф намудани мушкилоти дар зиндагӣ ҷойдошта якдилона заҳмат кашида, Ватани маҳбубамонро обод ва давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам нерӯманду пешрафта мегардонанд.
Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба ҳамагон муборакбод гуфта, тансиҳативу сарбаландӣ ва комёбиву сарфарозӣ таманно менамоям.
Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон ҷовидонӣ бошад!
Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол!
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!”
Роҳбарияти ноҳия зимни баромади хеш қайд намуданд, ки имрӯз 9-уми сентябр — дар ин санаи сарнавиштсози таърихӣ халқи тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлолу озодии кишвари маҳбубамонро бо ифтихор ва эҳсоси баланди ватандорӣ таҷлил менамоянд.
Зеро Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон буда, туфайли заҳмати шабонарӯзӣ ва кӯшишу талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯзҳо кишвари азизи мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста мебошад.
Ба ин муносибат бо камоли шодмониву сарфарозӣ кулли мардуми ноҳия, меҳмонон ва ҳамаи Шумо — ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги таърихӣ самимона табрику таҳният мегӯям.
Воқеан, дар таърихи навин, бешак волотарин дастовардамон Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ аст, ки бо ташаббус ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шавқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Ҳамин тавр, дар самти таҳкими давлатдории миллӣ Истиқлоли давлатӣ хизматҳои шоёни Пешвои миллат бараъло назаррас аст. Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷик бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ нишон дода мешавад.
Ба бахти халқи тоҷик Худованд Пешвоеро ато кард, ки ба ҷанги бародаркуш хотима бахшида, Тоҷикистони соҳиистиқлолро обод ва дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшишу худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.
Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки чунин Ватани азизу муҳбуб ва ободу зебо дорем. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта, дар ободии ин диёри ҳамешасабз заҳмат ба харҷ диҳем, ба қадри хизматҳои фарзандони тавонманди миллат бирасем.
Бигзор, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи сокинон, диёри сарсабзи Ашт ба мулки ободу биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон-Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон- Истиқлоли давлатӣ поянда ва ҷовидон бимонад.
Бори дигар мардуми сарбаланди ноҳия, меҳмонон ва ҳозирини гиромиро ба муносибати ҷашни бузурги милливу давлатии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, хонаободӣ, шодиву сурур ва файзу баракат дар хонадони ҳар яки Шуморо таманно менамоям.
Ҷовидон бод дастовардҳои бузурги замони истиқлол-сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон!
30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!
Тоҷикистон ба пеш!
Баъд аз суханрониҳо намоиши театркунонидашудаи фарҳангӣ пешкаши тамоми сокинон гардонида шуд.
Дар анҷоми намоиши театркунонидашудаи фарҳангӣ садо додани мушакҳои (салют) идона ба чорабини ҳусни хосаи худро зам намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.