АШТ: Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомии 14356б – и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 310 боздид

Рӯзи 17 – уми феврали соли 2022, дар қисми ҳарбии 14356Б Рӯзи дарҳои кушод ба муносибати 29- солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Салоҳидинов Парвиз намояндаи комиссариати ҳарбии ноҳия Пӯлотов Шӯҳрат, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия Бойқӯзиев Шероз ва роҳбарияти қисми ҳарбии мазкур иштирок ва баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуданд. Инчунин зиёда аз 730 нафар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Шайдон, Понғоз, Ашт ва Шодоба ширкат варзиданд.
Қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори миллат буда, дар тӯли фаъолияти бомаром дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат ба савганди ҳарбиро нишон дода, барои ҳифзи сарзамин ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ хизмати шоён намудааст. Инчунин, аз ҷониби сарбозон намоиши машқҳои низомӣ бо маҳорати баланди касбию хизматӣ гузаронида шуда, техникаҳои ҳарбии ҷангӣ мавриди намоиш қарор гирифт.
Дар рафти чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол, вазнбардорӣ ва турникашӣ байни ҷавонону сарбозон баргузор гардид.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо Диплом, медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.