Субҳи имрӯз дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба муовини раиси вилоят Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзодава тамоми роҳбарони мақомотҳои ноҳия ширкат карданд. Маросим дар доираи васеи сокинон ва хонандагон дар назди муҷассамаи «Модари маҳзун» сурат гирифт.
Баъдан дар Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Ғалаба барпо шуд. Дар оғоз муовини Раиси вилоят Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин ироа намуд:
«Корномаи фарзандони шуҷову матиниродаи миллати мо дар ин фоҷеаи мудҳиштарин бемисл буда, дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Бори дигар бо эҳтирому арҷгузорӣ диловарони Ватан, мардуми ноҳия ва ҳамаи Шумоён ҳозирини арҷмандро ба муносибати Рӯзи Ғалаба самимона табрик мегӯям».
Баъдан мардуми шарифи ноҳияро Муҳаммадзода Шӯҳрат ба муносибати Иди Ғалаба таҳният гуфт:
Дар ин лаҳзаҳои идона 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, ки дар набардҳои шадиди ин ҷанг мардонавор ширкат карда, барои таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳми арзанда гузоштаанд, инчунин, ба тамоми мардуми ноҳияамон самимона табрик мегӯям ва ба ҳар хонадон фазои орому осуда, хонаи обод ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.Бо ишора ба ҷоннисориҳои зидди истилогарони фашистӣ, корномаи дар ақибгоҳ анҷомдода ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои фарзандони сарбаланди тоҷик дар солҳои ҷанг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: “Мо имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки баҳри ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар аҷибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардиданд, сари таъзим фуруд меорем.”
Бо медал “УЧАСТНИКУ БОЕВЫХ ДЕЙСТВИЙ ЛОКАЛЬНИЫХ КОНФЛИКТОВ” ва дигар медалҳо як зумра собиқадорони ҷангу меҳнат, аз ҷумла Абдуллазизов Сироҷиддин, Қодиров Бурҳониддин, Тоштемиров Мамадалӣ, Шоматов Рӯзибой, Юсупов Амонбой қадрдонӣ шуданд.
Пешниҳоди сурудҳо дар васфи мардонагӣ ва Ватан, саҳнача оид ба ҳаёти партизанҳо, рақсҳои гурӯҳи ҳунарӣ анҷомбахши чорабнӣ буд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия