АШТ: РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БОШУКУҲ ИСТИҚБОЛ ГАРДИД

 2 316 боздид

Ҳамасола дар кишвари мо – Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин муносибат дар ноҳияи Ашт чорабини дар сатҳи баланд ҷараён дорад.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷавонону фаъолон иштирок карданд.
Нахуст, дар шоҳроҳи шаҳраки Шайдон раҳпаймоии наздик 2000 нафараи ҷавонон, варзишгарон, Гирандагони Стипендияҳои Президенти ва Раиси ноҳия, бонувон, ҳунармандон, кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳо ва наврасону кӯдакон баргузор гардид. Дар раҳпаймоӣ ҷавонон дар даст парчаму овезаҳои гуногун гирифта, шукргузорӣ аз тинҷиву осудагии меҳан карданд. Ҷавонони ноҳия бо ин ибтикор бори дигар собит намуданд, ки аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон хушнуданд ва дастуру супоришҳои роҳбари давлатро пайваста сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Чорабини дар варзишгоҳи марказии ноҳия идома ёфт.
Роҳбари ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, ҷавонони ноҳияи Аштро сидқан табрик гуфт:
— Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Ҷавонони мо дар рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми бисёр арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ-ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад.”
Баъдан ба 50 нафар хонандагон стипендияи Раиси ноҳия супорида шуд, ҳамзамон ҷавонони фаъол бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки барои истиқболи Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ноҳия, шаҳраки Шайдон тақрибан 7 ҳазор нафар ҷамъ омаданд. Баромади рақсҳои гурӯҳи ҳунарӣ ва сурудҳои аҳли фарҳанг ба чорабинӣ шаҳомати хоса бахшид.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.