4.11.23.
Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, сохторҳои низомӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони расмӣ таҳти садои карнай сарбозоне, ки баъд аз адои хизмати Модар-Ватан бо сари баланд ба зодгоҳ баргаштанд, дар сатҳи баланд истиқбол намуданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимӣ сарбозони шуҷои Ватанро дар даст бо Парчами давлатӣ пешвоз гирифтанд.
Зимни мулоқоти сарироҳӣ бо ҷавонони шуҷоъ Шӯҳрат Муҳаммадзода баён намуд:
“Мардони майдон, Шумо ифтихор ва сари баланди мо- мардуми шарафманди ноҳияи Ашт ҳастед. Ҳамеша бо чунин фарзандони далеру ғаюр ифтихор мекунем. Ба ҳар ҷавони ноҳияи Ашт ҳар яки шумо намунаи ибрат ҳастед. Бигузор ҳар як ҷавони ватандусту меҳанпараст ба мисли шумо ин марзи муқаддасро ҳифз намуда аз мактаби мардонагӣ гузарад. ”
Сипас, аз ҷониби гулдухтарон ҳамчун разми эҳтиром ба сарбозон гул тақдим карда шуд.
Дар идома 29-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов ҷамъомади идона баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ходимони тиб ва маориф, собиқадонрон, иштирокчиёни барқароркунии сохти Конститутсионӣ, собиқадрони меҳнат ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Парчами давлатӣ давроварда шуда, суруди миллӣ садо дод.
Нахсут, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро сардори Раёсати минтақаи рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким қироат намуд:
“Конститутсия ба сифати қонуни олии давлат масъалаҳои муҳимтарини сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муайян мекунад.
Бо қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон, ки таъминкунандаи пояҳои низоми сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии пешрафти ҷомеа мебошад, халқи Тоҷикистон худро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуд.”
Баъдан, Шӯҳрат Муҳаммадзода сокинонро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд:
“Мардуми шарафманди диёр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки Китоби сарнавиштсоз, Бахтномаи миллат ва бо гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шаҳодатномаи миллат ном гирифтааст, чун дастоварди бузурги сиёсиву фарҳангӣ истиқбол мегиранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд:
“Истиқлолият ва Конститутсия ба ҳамдигар пайваста буда, якдигарро комил месозанд, зеро давлати соҳибихтиёр бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад. Конститутсия ҳамчун санади олӣ қонуни асосӣ истиқлолияти давлатиро барасмият дароварда, муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва таъин менамояд”.
Ҳамзамон,роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ва пешқадамони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдони карда шуд.
Суруду оҳангҳои дилкашу рақсҳои ҷаззоб, ки аз ҷониби аҳли фарҳанг пешниҳод гардид, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия