АШТ:  Рӯзи Конститутсия таҷлил гардид.

 9 519 боздид

04.11.22.
4 ноябр бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар толори МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов ҷамъомади идона доир гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким, Раиси ноҳия Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, ходимони тиб ва маориф, собиқадонрон, иштирокчиёни барқароркунии сохти Конститутсионӣ, собиқадрони меҳнат ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Парчами давлатӣ давроварда шуда, суруди миллӣ садо дод.
Нахсут, Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро сардори Раёсати минтақаи рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимзода Ҳаким қироат намуд:

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994, яке аз санаҳои муҳимтарини таърихии давлатдории мо мебошад, дар саҳифаи таърихи миллати бузургамон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.

Мо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба қабули Конститутсияи нав овоз дода, роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намудем. Самари  заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои қонунгузори устувор гардид. Имрӯз кишвари маҳбубми мо  зери сиёсати оқилонаи Пешвои муззами миллат рӯ ба пешрави аст.”

Баъдан, Шӯҳрат Муҳаммадзода сокинонро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд:

“28-соли риояи талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт ва дурустии мақсаду маром, вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид.

Натиҷаи дастовардҳои конститутсионӣ, ки имрӯз дар мамлакати мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор аст ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба бунёдкорӣ, ободиву созандагии сарзамини  худ машғул аст.”

Сипас,  Муфтоев Фарух роҳбари хоҷагии  деҳқонӣ “Суҷҷа”, Толиб Мақсудҷонов роҳбари хоҷагии “Салоиддин” бомедали ҷашнии  қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон,  пешқадамони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия қадрдони карда шуд.
Суруду оҳангҳои дилкашу рақсҳои ҷаззоб, ки аз ҷониби аҳли фарҳанг пешниҳод гардид, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.