АШТ: РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ БАРГУЗОР ГАРДИД

 433 боздид

Ҳамасолаи 4  май дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил карда мешавад. Имруз бахшида ба ин муносибат  дар  толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Рӯзи кормандони мақомоти андоз бо ширкати Раиси  ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода  доир гардид. Дар чорабинӣ роҳбари ноҳия паёми шодбоширо ироа намуд: “Андоз пояи давлат ба ҳисоб рафта, баргузор намудани ин рӯзи хотирмон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мавриди ба зикр аст, ки кормандони Нозироти андози ноҳияи Ашт низ ҷиҳати таъмини нақшаи буҷет, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, вусъати корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум кӯшиш ба харҷ дода, дар ҷамъбасти семоҳаи аввал нақшаи буҷетро 110 фоиз иҷро намуданд, ки боиси хушнудист”.

Сипас, бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз  7 нафар кормандони нозирот бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси ноҳия  қадрдонӣ гардиданд.  Барои хизматҳои шоиста  сардори Нозироти андози ноҳияи Ашт Рафиқзода Шокир аз ҷониби Комиссари ҳарбии ноҳия  Хайрулло Шарифзода бо медали ҷашнии “25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти  Раиси ноҳияи АШТ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.