АШТ: РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ ТАҶЛИЛ ШУД

 375 боздид

Имрӯз, 04.06.22 дар дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сарвари ноҳия зимни баромади хеш таъкид сохт:

«Дар ояндаи наздик моро чандин ҷашнҳои таърихӣ, ба монанди 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашнвораҳои дигар интизоранд, ки дар ин рӯзҳо бояд дучанд меҳнат намоем ва онҳоро дар сатҳи зарурӣ таҷлил намоем.

Таъкид менамоям, ки мақсади асосии ҳамаи кормандони соҳа аз зебо гардонидану тозаву озода нигоҳ доштани майдону гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо иборат аст, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.»

Баъдан аз ҷониби Раиси ноҳия фаъолони соҳа бо Сипоснома ва кӯмакпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Масъулони соҳа барои таваҷҷӯҳи воло ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сипосгузорӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии  Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.