АШТ: РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 1 700 боздид

Санаи 11-уми марти соли равон ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик дар ноҳияи Ашт ҷамъомади тантанавӣ ва қадрдонии як қатор кормандони васоити ахбори оммаи ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода , собиқадорони соҳаи матбуот, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорони ҷавон ва зиёиён ширкат варзиданд.

Дар оғоз Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода намояндагони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони матбуотро ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик – иди касбии рӯзноманигорони мамлакат таҳният намуда, зикр дошт.

Маврид ба зикр аст , ки нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ 11-уми марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро бо номи “Бухорои шариф” аз чоп баромада, таърихи пурифтихори матбуоти тоҷикро оғоз бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаю машварат доир ба фаъолияти матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма таваҷҷуҳ зоҳир намуда, вазифаҳои онҳоро вобаста ба талаботи айём таъкид мекунанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо намояндагони матбуоти даврӣ ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд.

Дар ин замина роҳбари ноҳия таъкид намуд, ки Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия ва  Муассисаи давлатии рӯзномаи ноҳиявии “Шӯҳрати Ашт” дар инъикоси ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ноҳия саҳми арзанда доранд.

Кормандони соҳаи матбуот бо дарки маъсулияти баланди касбӣ баҳри инъикоси ободиву созандагӣ, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рисолати хешро дар назди халқу давлат сарбаландона адо намуда истодаанд.

Дар фарҷом як қатор собиқадорони матбуот ва рӯзноманигорони фаъол бо  туҳфаи хотиравии Раиси  ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода қадрдонӣ карда шуданд.

Дар охир аз ҷониби собиқадори меҳнат барои таваҷҷӯҳи воло ба Пешвои муаззами миллат ва роҳбарияти вилояту ноҳия изҳори сипос гардид.

Барномаи рангини фарҳангӣ таъби ҳозиринро дар фарҷом болида намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.