АШТ: РУЗИ ОИЛА ТАҶЛИЛ ГАРДИД

 431 боздид

Имрӯз,11.05.22 бахшида ба рӯзи оила дар маҷмааи “30-Солагии Истиқлол” чорабинии идона барпо гардида, аз 9 Ҷамоати​ деҳоти ноҳия ​ оилаҳои пешқадам ва намунавӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ ​ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

“Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. ”

Баъдан роҳбари ноҳия ба оилаҳои намунавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида, ба тифлони навзод 50 адад шаҳотаномаҳои таваллуди ройгон тақдим карда шуд.

Зимни баромадаш оилаи намунавӣ аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон, рӯзноманигори варзида Сидиқов Юнусалӣ барои таваҷҷуҳи ҳамаҷониб ба сарвари давлат, пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд: “Имрӯз давлату ҳукумат барои хушбахт будани оилаҳо тамоми чораҳои қонунӣ, иҷтимоиро фароҳам овардааст. Барои бунёди оилаи солим ва хушбахт ҳамаҷониба ҷавонон ҳамдигарро дастгирӣ кунанд. Эҳтироми ягдигарро баҷо оранд.”

Маврид ба зикр аст, ки ҳасмасола рузи ​ ​ байналмилалии оила 15 май ҷашн гирифта мешавад ва ​ соли 1993 аз ҷониби СММ таъсис дода шудааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.