АШТ: Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия таҷлил гардид.

 222 боздид

Имрӯз, санаи 23-уми ноябр ба муносибати сазовор ва хотирмон ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Ашт шиору овезаҳо ва парчами давлатӣ насб гардида, фазои идона танинандоз буд.

Ба ифтихори таҷлили бошукӯҳи ҷорабинии идона, нахуст бо иштироки наздик ду ҳазору 300 нафар намояндагони касбу кори гуногун роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатии парафшон баргузор карда шуд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳии намояндаи МИҲД-и вилоят Абдуллозода Шарифулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимон, сиёсатмадорон, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, собиқ раисони ноҳия, собиқадорони меҳнат дар назди саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳпаймоии аҳли кормандони ташкилоту корхонаҳоро пазироӣ намуданд.

Баъдан, чорабинии идона дар толори Муассисаи давлатии вилоятии «Театри мусиқӣ -драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт.

Нахуст, Абдуллозода Шарифулло намоядаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Паёми табрикотии Раиси вилояти Суғдро ироа намуд.

Сипас, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сухан баромада, сокинонро ба “Рӯзи Парчами давлатӣ” таҳният намуд.

Баромади аҳли хунар ва рақсҳои ҷолиби гурӯҳи ҳунарӣ анҷомбахши чорабинӣ буд.

Дар фарҷом Раиси ноҳия бо аҳли иштирокдорон акси хотиравӣ гирифт ва ин анҷомбахши чорабинӣ буд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.