АШТ: Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 -солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

 82 боздид
15.11.2022
          Имрӯз, дар толори МДВ “Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
        Ҳамзамон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳия, ходимони тиб ва маориф, собиқадорони меҳнат, намояндагони расонаҳои хабарии маҳаллӣ, занону ҷавонон ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Суруди миллӣ садо дод.
       Баъдан, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Ҳикматуллозода Неъматулло баромад намуда, аз номи Пешвои муаззами миллат сокинонро ба ҷашнӣ таърихӣ таҳният намуданд:
        Аз рӯзҳои аввали интихоб гардидан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи тақдирсоз, талошҳои Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон буд, ки солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони иншоотҳои бузурги аср, коргоҳҳои азими саноативу иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳо, пулу нақбҳои нақлиётӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохташаванда тағйир дод.
          Бо дарназардошти ҳамаи инҳо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 11 декабри соли 1999 барои хизматҳои бузург ва арзанда дар барқарор ва таъмин кардани сулҳ дар кишвар, амнияти бехатарии халқи тоҷик, эҳё ва бунёди давлати миллӣ, рушду инкишофи истиқлоли Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид, миллат ва халқ чун Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ қабул намуд.
          Дар фарҷом ҳамаро ба муносибати фаро расидани ду ҷашнвораи бузурги миллӣ таҳният намуд.
        Сипас, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуда, қайд кард; “Боиси ифтихор аст, ки мо имрӯз ду ҷашни бузурги миллӣ ва давлатӣ, ҷашни 30 -солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифта истодаем.
         Пешвои муаззами миллати тоҷикон, фаъолияти худро нахуст бо шиори беҳтарин оғоз намудаанд: “Ман ба Шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомӯш месозам! То он даме, ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам”. Ин суханҳо барои Сарвари ҷавони миллат суханҳои оддӣ ё беасос набуданд, зери ин гуфтаҳо ҳиссиёти баланди инсонӣ ва қарзи виҷдонӣ дар назди миллат, халқ ва Ватан-Тоҷикистон ниҳон буд.
       Халқи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат имрӯзҳо ҳадафи бузург – бунёди давлати соҳибистиқлол, аз лиҳози сиёсӣ мустаҳкам, дунявӣ ва демократиро, ки дар он некӯаҳволӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоии мардум таъмин аст, сарбаландона амалӣ менамояд.
Пешвои миллат воқеан, асосгузори давлати нави соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, зеро пояҳои давлати миллиро таҳким бахшида, кишвари моро бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон пайвастанд.
      Барои ҳар як сокини шарафманди ноҳия таҷлилӣ ин санаҳои таърихӣ боиси ифтихор аст”.
Дар фарҷом аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи рангини консертӣ ба иштирокчиёни чорабинӣ пешниҳод карда шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.