АШТ: РӮЗИ ТАБИБОН ДАР САТҲИ БАЛАНД ТАҶЛИЛ ГАРДИД.

 799 боздид

Мустақим:

16.08.2023

18 август ҳамчун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба ин муносибат чорабинӣ дар сатҳи баланд ҳоло бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар ноҳия ҷараён дорад.

Нахуст, роҳбари ноҳия баромад намуда, ба муносибати фаро расидани иди касбии табибон, кормандони соҳаро табрик гуфт:

“Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи бузург Абӯалӣ ибни Сино алоқамандӣ дорад ва мо умед бар он мебандем, ки шогирдони ин шахси бузурги таърихӣ ҳамарӯза дар хизмати халқ омода буда, баҳри беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва беҳдошти ҳифзи саломатии аҳолӣ боз ҳам саъю кӯшиши бештар мекунанд.

Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад!”

Бояд зикр кард, ки сиёсати иҷтимоӣ, махсусан соҳаи тиб ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Баъдан ба кормандони соҳаи тиб, ки фаъолияти назаррас доранд аз тарафи Раиси ноҳия дар фазои тантанавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Баромади аҳли ҳунари ноҳия ва саҳнаи ҳаҷвӣ дар бораи ҳаёти табибон фарҷомбахши чорабинӣ буд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.