АШТ: Рӯзи табибон таҷлил карда шуд.

 414 боздид

Нимаи дуюми имруз санаи 17 августи соли 2021, дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” чорабинии идона бахшида Рӯзи табибон баргузор гардид.
Дар чорабинии идона Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони якқатор раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, ташкилоту идораҳо, сардухтурон ва кормандони беморхонаҳои марказиву минтақавӣ, муассисаи давлатии кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия дар баромади худ бахшида ба Рӯзи табибон иброз намуд: Чун анъана санаи 18 август ҳамчун рӯзи мавлуди Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи касбии кормандони тиб ҷашн гирифта мешавад, зеро Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун олим, табиб, файласуф ва адиби тоҷику форс дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад.
Ибни Сино на танҳо бо андешаҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки тавассути назариёти тиббиаш ҷовидонаю абадзинда аст. Ӯ парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи тиббист.
Аз ин лиҳоз, касби табибӣ касби худоназаркарда аст. На ҳар кас табиби мардумӣ шуда метавонад.
Аз биноиши олам об, оташ ва боду хок унсурҳоест, ки тафсираш беназир. Маънидоди он ба хотири дарёфти ҳақиқати ҳаёт. Паси панҷаи ангушт бо нигаҳе рамуз мегирӣ. Ҳама андармони ин чор унсуранд. Ҳама дар гирумони зиндагӣ андармон. Ҳама пойбанди андешаҳо, ҳама пойбанди такудавҳо. Миёни ин ҳама давутозҳо инсонҳое арзи ҳастӣ мекунанд, ки дунёяшон барои бунёд намудани дунёи дигарон аст, яъне рисолати онҳо офаридани ҳаёт аст.
Инсонро вақте Холиқи якто офарид, ба ӯ фариштае фиристод бо хилъати сафед ва ин офаридаашро “табиб” мухотаб кард. Ба ӯ амр намуд, ки кашфи тани сиҳаташро ба номи ту муҳр кардам.
Пас ӯ суол кард: “Чӣ гуна ман ба ҷисми одамӣ иродати сиҳатӣ бахшам? Паём омад, ки ман иршодрасони туам.
Ин ҳақиқати азалист, ки инсон аз лаҳзаи аввал бо ёрии табиб рӯи олам омада, рӯи дастони ӯ оламу одамро мебинад. Тифли навзод аввалан бор ранги сафедро дида, дунёро аз ин ранг мешиносад. Сафедӣ дар ҳаёти инсон аз лаҳзаҳои аввалин ворид шуда, вопасин орзуву омолаш рӯи он ба интиҳо мерасад.
Пас онҳое, ки хилъати сафед доранд, назаркардаҳои Худованд, муҳофизи тани сиҳат ҳастанд. Онҳо оини хоса доранд. Оине, ки пеши касбияти пири корашон “Гипократ” қасам ёд мекунанд. Оине доранд, ки пеши паёмбари тибби олам Синои бузург садоқатдоранд. Оине доранд, ки ҳеҷ гоҳ қасам намешикананд. Оне ки қасам аз ёд бурд, дар оинашон ҷой намедиҳанд. Чи дунё доранд, ин хилъатсафедон.
Роҳати ҷонашонро дар шифои ҷони бемор медонанд. Бешак, дар ҳама давру замон онҳо пешбарандаи сиҳатии ҷомеа ҳастанд.
Табибон, ҳамшираҳои шафқат ва онҳое, ки дар ин соҳа заҳмат мекашед. Аҳсан, ба кору пайкоратон, барои содиқ будан ба касбатон, барои ҷон ба каф гирифта, барои дигарон зистан, аҳсан! Аҳсан, барои ҷон кандану ҷон харидан! Аҳсан, барои набзи дилҳоятон, ки ба хотири ҷони бемор метапад. Аҳсан, барои дастони ҳароратсанҷатон, ки таби бемор паст мегардад. Аҳсан, барои суханҳои шифоангезатон, барои умед додану сафо бахшиданатон! Аҳсан, барои меҳрубону руҳнавозу раҳнамою марҳаму вориси арзандаи Сино буданатон!
Иди касбиатон муборак бошад, табибони маҳбуби давр!
Баъдан аз ҷониби роҳбарияти ноҳия якчанд нафар табибон ва собиқадорони соҳа бо нишони Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.