АШТ: Рӯзи табибон таҷлил карда шуд

 546 боздид

Имрӯз, 14 августи соли равон дар толори театри Муассисаи давлатии вилоятии театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов ҳомиёни саломатӣ бо тантанаи хоса иди касбиашонро таҷлил намуданд.

Нахуст Раиси ноҳия Зариф Мирдадо табибонро бо идашон таҳният гуфта дар баромади худ зикр дошт, ки касби табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин ва бошарафтарин шуморида шуда, духтуре, ки барои дармон ба болини бемор меояд, мисли диловарест, ки ба майдони корзор ворид мегардад.
-Масалан, соли 2010 аз буҷети ноҳия барои соҳаи тандуpустӣ 3 млн. 999 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, дар соли 2020 – 20 млн. 820 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2010 – 5,2 маротиба зиёд мебошад. Дар ҳафт моҳи соли равон бошад, аз буҷети ноҳия ба соҳаи тандурустӣ 10 млн. 718 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
-Баҳри таҷлили сазовори ҷашни милливу таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ дар давоми 2 соли охир 5 бунгоҳҳои саломатӣ, марказҳои хусусии эндоҷарроҳӣ ва ташхиси ренгенӣ дар шаҳраки Дӯстӣ сохта ба истифода супорида шуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар маҷмӯъ 26 муассисаҳои тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуданд.
-Дар нимсолаи аввали соли 2020 Беморхонаи рақамии 1-и Ҷамоати деҳоти Ашт аз тарафи соҳибкорон ва сокинони ҷамоат бо маблағи 120 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ таъмир гардида, бо дастгирии соҳибкорон ва мардуми деҳаи Понғоз бо маблағи 6,5 миллион сомонӣ сохтмони беморхонаи рақамии 5-и Ҷамоати деҳоти Понғоз, ки дорои 80 кати табобатӣ мебошад, дар арафаи анҷомёбист.
-Инчунин, дар шуъбаи таваллуди беморхонаи марказӣ 4 ҳуҷра бо маблағи 30 ҳазор сомонӣ таъмиру тахтабандӣ карда шуда, ба истифода дода шуданд.
-Ҳамзамон, бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ, саховатмандон ва аҳолии деҳа дар деҳаи Кулихоҷа бунгоҳи тиббӣ бо маблағи лоиҳавии 120 ҳазор сомонӣ бунёд шуда истодааст.
-Бо вуҷуди ин ҳам, муассисаҳои тиббии ноҳия ба 19 нафар табибон эҳтиёҷ дошта, норасогии 12 нафар табибони оилавӣ, 1 нафар рентгенолог, 2 нафар, табиби эҳё , 1 нафар амрози занон, 1 нафар нарколог, 1 нафар силшинос, 4 нафар дигар ихтисосҳо ба назар мерасад. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ноҳия 187 нафар донишҷӯён таҳсил карда истоданд.
Дар идомаи қисми тантанавии ҷамъомад табибони хизматнишондодаву маҳбуб қадрдонӣ шуданд. Ҳамчунин як қатор намояндагони соҳаи тандурустӣ бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравии Раиси ноҳия, Ифтихорномаи Раёсати тандурустии вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.