АШТ: “Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил” таҷлил гардид.

 8 096 боздид

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  “Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил” баргузор гардид.

Дар ҷамъомад  бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ва пайвандони нафарони дар ин ҳодиса ҳалокгашта, фаъолон ширкат карданд.

Нахуст, ҳозиринро аз номи Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ таҳният намуда, вобаста ба корнамоиҳои онҳо ҳарф зад:

“Мо имрӯз бо Шумоён Чернобилчиён ифтихор дорем, ки бо истифода аз сабақу корнамоиҳои падару бобоёни хеш дар бартарафсозии садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил иштирок намуда, бо ин кору пайкор ба наслҳои ҷавон ҳамеша роҳнамои зиндагиву фаъолият боқӣ мемонед.

Ҷасурию мардонагии Шумоён барои ҷавонони мо ин як дарси ҳаёт аст. Мо ҳамагон бояд ҳамеша барои ҳифзи Ватан омода бошем, дар таъмини амнияти кишвар, ободию созандагӣ ҳиссагузор шавем, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатиро қадр намоем.”

Ёдовар мешавем, ки 26 апрели соли 1986 бар асари садама дар яке аз агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил ҳодисаи мудҳише ба вуқӯъ пайваст, ки  бар асари он дар якчанд давлатҳои ҷаҳон ифлосшавии радиатсионӣ мушоҳида шуд.  Ҷиҳати бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, аз ноҳияи мо низ 9 нафар ҷавонон бо амри дилу виҷдон дар ин кор ширкат варзиданд.

Сипас, аз номи Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода кумакипулии яквақта супорида шуд.

Баъдан иштирокунандагон ба сухан баромада ба Пешвои муаззами миллат, Раиси вилоят ва ноҳия барои таваҷҷӯҳи воло изҳори сипос намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.