24.12.2022
Имруз, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, соҳибкорон ва дигар шахсони дахлдор дар сабзу хуррамсозӣ иштирок намуданд. Нахуст, роҳбари ноҳия дар маъракаи тозаву озодасозӣ ва шинонидани дарахтони ҳамшасабз дар канори роҳи протоколии Шайдон-Қаҳрамон дидан ва ҳиссагузорӣ кард.
Баъдан, Шӯҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарону фаъолон аз бунёди коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта дар як шабонарӯз 15 тонна дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд. Иқтидори коргоҳи ҷӯроббофӣ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, 200 нафар бонувон ва сокинон соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.
Баъдан боздид аз коргоҳи нави мурғпарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба ҷараён гирифт.
Бо мақсади истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корхонаҳои бунёд мегардад. Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода аз коргоҳи нави мурғпарварӣ, ки дар Ҷамоати деҳоти Ошоба воқеъ мебошад бо ҳамроҳи фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ боздиди корӣ анҷом доданд.
Дар рафти шиносоӣ Шуҳрат Муҳаммадзода ба сохтмончиён ва мутахассисон дастур дод, ки дар мадди аввал бехатарӣ ва инфрасохтор бояд ба назар гирифта шавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия