АШТ: САФАРИ КОРИИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯ

 666 боздид

Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ба ноҳия ташриф овард.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода аз рафти корҳои ободонии Ҷамоати деҳоти Шодоба, деҳаи Гулшан дидан намуданд. Бояд қайд намуд, ки мардумони ватандӯсти Ҷамоати деҳоти Шодоба, деҳаи Гулшан бо маблағи 5-миллион сомони зиёда аз 15 километир роҳҳои ҳудуди деҳарро бо асфалти гарм мумфарш карда истодаанд.

Зимни суҳбат бо сокинон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ба сокинон миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки ватани азизамонро зери сиёсати Пешвои муаззами миллат обод бояд кард.

Инчунин, мардум аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои дурдаст миннатдорӣ намуданд.
Хадамоти матбуотии Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.