АШТ: САФАРИ НАМОЯНДАГОНИ НОҲИЯ ДАР ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ

 511 боздид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳайати вилояти Суғд Раиси ноҳия Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва соҳибкорони пешқадами ноҳия Зайлобиддин Мақсудҷонов, Ёрмуҳаммад Амонбоев ба Ҷумҳурии Туркия сафар карданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Раиси вилоят ҳадаф аз сафари ҳайат ба Ҷумҳурии Туркия ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Анталия, Қайсарӣ ва Истанбул буда, зимни сафари расмӣ намояндагони вилояти Суғд аз корхонаҳои саноатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ боздид карда, бо фаъолияти бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ шинос хоҳанд шуд.
Интизори меравад соҳибкорони ноҳияи Ашт бо соҳибкорони Ҷумҳурии Туркия дар бизнес-форм вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ шартномаҳо имзо намоянд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.