АШТ: Сарбозонро ба 26-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд

 1 251 боздид

Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар қисми ҳарбии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим , муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ашт Сулмонзода Қурбоналӣ, бо сарбозону афсарон мулоқот намуда, онҳоро ба муносибати таҷлили 26-умин солгарди  Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нахуст сарбозону афсаронро ба муносибати 26-умин солгарди  Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуд.

Баъдан намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҳакимзода Ҳаким Карим табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт: “Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт”.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.