АШТ: СЕМИНАР-МАШВАРАТ БО КИШОВАРЗОН

 362 боздид

Ҳоло, 24.05.22 дар Маҷмааи “30-солагии Истиқлол” семинар-машварат таҳти унвони “Зироаткории органикӣ-кафили ҳосили баланд ва безарар” идома дорад. Дар он Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, деҳқонони соҳибтаҷриба аз манотиқи ҷануби кишвар, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам аз 9 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат намуданд.
Дар оғози чорабини Раиси ноҳия меҳмононро барои ташрифашон ба Аштзамин хайрамақдам гуфт. Сипас, вобаста ба кишти пахта ва имкониятҳои мусоиди заминҳои кишт маълумоти муффасал дод.
Олимони соҳа бо маълумотҳои саҳеҳ тарзи дуруст ва безарар парвариши майдонҳои кишт маҳсулоти полезӣ бо маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ (КМУ)-ро шарҳ доданд. Бино ба гуфти олимони соҳа КМУ ин ивазкунандаи селитра буда, нисбатан арзон ва дастрас мебошад ва имкон медиҳад деҳқонон хосили хубро ба даст оранд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.