АШТ: Семинари илмию амалӣ дар мавзӯи “Имкониятҳо ва роҳҳои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон

 676 боздид

Тибқи нақшаи кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва розигии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Гулмаҳмадзода Д.Қ аз 6 майи соли 2021, №9388 (28-2) ва аз 3 июни соли равон, №9486 (28-5) имрӯз, санаи 18 июни соли ҷорӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”-и ноҳия семинари илмию амалии соҳаи моҳипарварӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини вазири кишоварзӣ Мирзозода Музаффар, Раиси ноҳияи Ашт Мирдадо Зариф, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Юлдошзода Олимбек, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Раиси асотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон Гулов Алиаҳмад, академики академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ Комилзода Давлат, мудири шуъбаи моҳипарварӣ ва харгушпарварии институти чорводорӣ Ҳоҷиев Акрам, сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” Давлатов Суҳроб ва роҳбарони хоҷагиву асотсиатсияҳои моҳипарварии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия меҳмононро барои ташрифашон ба ноҳия хайрамақдам намуда, оид ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия маълумот доданд.
Муовини вазири кишоварзӣ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи моҳипарварӣ ёдовар шуда ба кори семинар оғоз бахшиданд.
Баъдан Давлатов Суҳроб Сардори КВД “Моҳии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Татбиқи амалии имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва мусоидати онҳо дар пешрафти соҳаи моҳипарварӣ”, Азизов Фаррух мудири кафедраи Ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур — “Парвариши моҳиҳои гармидӯстдор (зағорамоҳӣ, амури сафед, пешонипаҳм) ва гуомоҳӣ дар Тоҷикистон”, Каримов Ғафурҷон ходими калони илмии шуъбаи ихтиология ва гидробиологияи Институти зоология ва паразитологияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Имконияти обанборҳои ҷумҳурӣ дар самти афзун намудани истеҳсоли моҳӣ”, Асадуллоев Искандар намояндаи ҶДММ “Моҳии тоҷик” дар вилояти Суғд – “Дастовардҳои ҶДММ Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар рушди соҳаи моҳипарварӣ, Баротов Т Раиси асотсиатсияи милли хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ – “Мақсад ва ҳадафҳои асотсиатсияи милли хоҷагиҳои моҳипарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Бобоев Искандар роҳбари ҶДММ “Фарел” аз шаҳри Ваҳдат, Мамадҷонов Шӯҳрат роҳбари ҶДММ “Рахшона” аз ноҳияи Ашт ва Муродов Ҳ роҳбари ҶСК “Моҳии хушзод” аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар мавзӯи “Таҷрибаи пешқадами хоҷагиҳои моҳипарварии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ баромад намуданд.
Инчунин дар семинар васоити ахбори оммаи маҳалливу ҷумҳуриявӣ иштирок доштанд.
Дар охир меҳмонон ва иштирокчиёни семинар аз фаъолияти ҳавзҳои моҳипарварии ҶДММ “Рахшона” боздид намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.