Зиёда аз 100 нафар кормандони Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳияи Ашт бо роҳбарии Имомназаров Шуҳратҷон барои бо табъи болида, тозаву озода ва пурфайз пешвоз гирифтани Наврӯзи хуҷастапай тасмим гирифтанд, якҷоя гирду атрофи муассисаро тоза намуда, дарахтонро ба тартиб оранд. Беш аз 100 бех гулҳои баҳорӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуданд. Шанбегӣ дар рӯҳияи болида ва бо ғайрати беандозаи табибону ҳамшираҳо ва оростакорон ҷараён гирифт.
—Баҳор фасли тозакориву сабзу муаттар аст,—гуфт сарвари муассиса Ш.Имомназаров. –Ин иқдомро минбаъд ҳар ҳафта идома хоҳем дод, чун табибон муҳофизони саломатианду саломатӣ аз тозагист!