АШТ: Шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ

 267 боздид

Санаи 5 – уми феврали соли 2022, бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони кумитаву раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони мақомоти худидораи шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ, сартабибони беморхонаҳои марказиву минтақавӣ, сокинону истиқоматкунандагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва аҳли ҷомеаи меҳнатӣ новобаста аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ташкил ва баргузории ҳашари тозагиву ободонӣ аҳамияти хоса ба шинонидани ниҳолу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, тозаву озода намудани гирду атрофи корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои истироҳатӣ, шафати роҳи асосӣ, гирду атрофи нуқтаҳои савдо, кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ, баровардани партоваҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, заҳбурҳо ва каналҳои обрав, тоза намудани соҳилҳои сой ва ғайраҳо дода шуд.
Инчунин дар раванди ташкил ва гузаронидани чунин тадбирҳои тозагиву ободонӣ Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо масъулону кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи “Маҳмудҷон Воҳидов” — и Ҷамоати шаҳраки Шайдон, беморхонаи ноҳиявии тозабунёди №5 — и деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз ва қади роҳи протоколии ин Ҷамоат дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуда, ниҳолҳои ороишии ҳамешасабз шинониданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона баланд бардоштани маърифати экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ва ба ин васила таъмини беҳдошти солимии ҷомеа мебошад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.