Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-палковник Шералӣ Мирзо бо сафари корӣ вориди ноҳияи Ашт гардид.
Вазири мудофиаро дар даромадгоҳи қисми ҳарбии 14356-Б Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода бо ҳамроҳи роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.
Генерал-палковник Шералӣ Мирзо бо Шӯҳрат Муҳаммадзода сӯҳбати самимӣ анҷом дод ва толори маҷлисгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Сипас аз иншооти тозабунёд, ки акси Пешвои муззами миллат ороиш ёфтааст мавриди боздид қарор гирифт.Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳия чун рамзи сарсабзӣ ва баракати меваҳои шаҳдбор нихол шинониданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия