Санаи 08.08.23 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаҳои дурдасти Мулломир ва Кулихуҷаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон дидан намуд.
Дар сафари корӣ сарвари ноҳияро сардорони шуъбаҳою бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масуълини самти замин ва дигар шахсони дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Дар оғоз Раиси ноҳия бо мардум вобаста ба ободониву созандагӣ мулоқоти кушоду самимӣ анҷом дод.
Дар вохурӣ васеъ ва мумфарш намудани роҳи асоси, ки бо маркази ноҳия мепайвандад, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шӯҳрат Муҳаммадзода ба масъулини ниҳоди дахлдор дастур дод, ки роҳ барои рафту омади мардум хусусан дар фасли сармо беҳтар карда, нигаҳдории он таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.
Боздиди корӣ дар бунгоҳҳои тиббӣ, китобхона идома ёфта, ба масъулин роҳбари ноҳия дастур дод, ки то омадани фасли сармо бинои нав бунёд гардида, ба истифода дода шавад.
Дар идома роҳбари ноҳия масъулини соҳаи тандурустиро вазифадор намуд, ки автомашинаи ёрии таҷилӣ таъмин намоянд.
Бояд қайд намуд, ки дар раванди вохӯрӣ вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта ба роҳбари ноҳия корафтодагон муроҷиат карданд ва масъалаву муаммаоҳои ҷойдошта пурра ҳалли хуро дарёфт.
Гирифтани акси хотиравӣ дар деҳаи Мулломир анҷобахши вохурӣ буд.
Дар идомаи сафари корӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода аз ҷараёни сохтмони 8 синфхонаи иловагии МТМУ №29 дар деҳаи Кулихуҷа дидан намуда, бо омӯзгорон ва фаъолони деҳа суҳбати самимӣ анҷом дод.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия