АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА ДАР МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОН ИШТИРОК НАМУД.

 492 боздид

18.08.2023

Имрӯз, 18-уми августи соли равон, дар Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов”-и ноҳияи Ашт, бо иштироки Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода,  Қурбониён Абдураҳим Одиназода мудири шуьбаи кадрҳо ва корқои махсуси Раесати маорифи вилояти Сугд,  омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия, фаъолон, собиқадорони соҳа машварати августии кормандонаи соҳаи маориф баргузор гардид.

Дар оғоз  меҳмонон аз дастоварҳои соҳаи маорифи ноҳия, ки дар толор ба маърази тамошо гузошта шуда буд, шинос гардида, баҳои баланд доданд.

Бо садо додани суруди миллӣ чорабинӣ оғоз гардид ва зимни баромади хеш роҳбари ноҳия зикр дошт:

“Маҳз бо раҳнамоии сарвари давлат ва иқдоми  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи   таълимии рақами 25 барои  620 хонанда бо маблағгузории 17 млн сомонӣ дар ду баст ва сохтмони бинои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуда, дар арафаи истифодадиҳӣ қарор дорад.   Маҳз, ғамхориҳои давлату Ҳукумат нисбат ба мактабу маориф боис гардид, ки дар соли хониши 2022-2023 иштирокдорони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зиёд гардида, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби 25 медал ва 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.( аз ҷумла, 3 медали нуқра, 22  медали биринҷӣ.) Инчунин соли ҷорӣ 235 нафар хонандагони муассисаҳои  таълимии ноҳия  дар олимпиадаҳои  байналмилалӣ иштирок намуда, 48 нафар ба  гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.”

Сипас, Қурбониён Абдураҳим мудири шуьбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Раёсати маорифи вилояти Сугд баромад намуда, фаъолияти соҳаро ба риштаи таҳлил кашид.

Дар идома мутахассисони ҷавон,  Райҳонаи Муродҷон, Пардаева Аниса, Абдуллозода Гулнора, Тошпулотова Назокат доир ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Раиси вилоят ва ноҳия аз номи маъорифчиён изҳори сипос намуданд.

Ба аҳли маорифчиёни ноҳия аз тарафи мутахассиси ҷавон, ғолиби даври ноҳиявии озмуни “Муаллими сол-2023” Рафторзода Фарзона Муроҷиатнома қироат карда шуд. Дар вазъияти тантанавӣ ба 50 нафар хонандагон ва омӯзгорон, ки ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гардиданд,  дар асоси қарори Раиси ноҳия мукофотпулӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои аввал чунин ташаббус дар машварати августии соли хониши 2022-2023 аз ҷониби Шӯҳрат Муҳаммадзода пешниҳод гардида буд. Дар натиҷа нисбат  ба соли гузашта имсол 10 нафар гирандагони медал зиёд гардиданд, ки аз 18 нафар ба 28 нафар расонида шуд.

Шӯҳрат Муҳаммалзода дар фазои идона ба пешқадамони соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба собиқадорони соҳа низ тақдим гардид.

Дар фарҷом Раиси ноҳия ташаббуси ҷадид рӯи кор оварда гуфт, ки барои ҳавасмандгардони хонандагоне, ки  сазовори медали тилло мегардад бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва омӯзгори ӯ бо маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад.

Аз пешниҳоди роҳбари ноҳия аҳли толор аз ҷой бархеста бардавом кафкӯбӣ намуданд.

Баромади ҳофизон бо сурудҳои мумтоз ва рақсҳои дилнишин, саҳначаи ҳаҷвӣ аз ҳаёти омӯзгорон ва манзалати волои устод ба чорабинӣ фазои дигар бахшид.

Бо гирифтани акси хотиравӣ чорабинӣ анҷом ёфт.

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.