АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА ДАР ОҒОЗӢ ТАЪМИРИ РОҲИ АШТ-ХУҶАНД БО АСФАЛТИ ГАРМ ИШТИРОК НАМУД.

 5 376 боздид

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқболи сазовори 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо оғози  таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд бо асфати гарм иштирок намуд.

Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода қабл аз оғози таъмири роҳ бо кормандони идораи роҳсозӣ мулоқоти сарироҳи намуда, таъкид ба амал овард:

“Мардуми шарафманди ноҳия, аз ҷумла сокинони сокинони саховатпеша барои обод намудани диёри хеш зери сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат дар ҳама маврид саъйу ҷаҳд менамоянд. Шукрона мекунем, ки дар ватани ором, ободу озод зиндагӣ дорем. Имрӯз бо дастгирии соҳибкорони саховатпешаву меҳанпараст таъмири ҷории роҳи Ашт-Хуҷанд гузаронида мешавад. Аз ин лиҳоз хоҳиш мекунам, ки кормандони идораи роҳ ба сифати таъмир аҳамияти аввалиндараҷа дода бошанд. Ин ҳама ободиҳо меваи тинҷи аст ва мо бояд ин неъмати бебаҳоро қадр созем».

Сипас, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода дар оғозӣ таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд иштирок намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.