АШТ: Шӯҳрат Муҳаммадзода дар Пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок намуд.

 93 боздид

18.11.2022

Имрӯз, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Пленуми Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия бахшида ба 35-солагии ташкилёбии ташкилоти собиқадорони ноҳияи Ашт гузаронида шуд.

Дар оғоз ба таври овоздиҳӣ раёсати Шӯро итихоб гардид.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Зафар Мамадҷонов вобаста ба таърих ва фаъолияти Шӯрои зикргардида дар ҳудуди ноҳия маълумоти муфассал дод.

Дар идома, собиқадорони меҳнат Сулаймонқул Азимӣ, Мамадҷон Қаландаров, Норматов Каримҷон, мудири бахши кор бо занҳо ва оилаи мақомоти иҷроия баромад намуданд.

Лоиҳаи қарорҳои дахлдорро аъзои Шӯро Арабов Умарҷон ба самъи ҳозирин ироа намуда, бо таври овоздиҳӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Баъдан, Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода баромад намуд:

“Дар қатори сокинони ноҳия собиқадорони ҷангу меҳнат низ баҳри амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ҷалби онҳо ба корҳои ободониву созандагӣ, дар риояи меъёрҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” фаъолияти худро равона намуда истодаанд.»

Сипас, намояндаи Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар вилояти Суғд баромад намуда, даъват ба амал овард, ки вобаста ба ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи роҳбари давлат ва Пешвои муаззами миллат дошта бошанд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.