АШТ: ШӮҲРАТ МУҲАММАДЗОДА ДАР САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУД.

 413 боздид
      Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, имрӯз, 13 январ дар канори қади роҳи протаколит Шайдон-Қаҳрамон мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид.
Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо шинондани аввалин ниҳол ба ин маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшид.
     Раиси ноҳия баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ дар ҳудуди ноҳия даъват намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.