26.01.2024
Имрӯз таҳти раёсатӣ Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Шўрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аъзои Шўро, варзишгарон ва шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Самти варзишро Раиси ноҳия таҳлили амиқ намуда, барои пеш бурдани кор ба масъулини соҳа дастур дод.
Дар фарҷом фаъолон бо медал ва Сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд. Ба назди 20 нафар варзишгарон дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаи устоди варзиш супорида шуд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия.