12 декабр Чарльз Инвани-муовини Директори БОҶ дар Тоҷикистон, Дарья Зибелова-мутахассис-мушовир оид ба пешбурд, Рохбари дафтари Барномаи Озуқаи Ҷахонӣ дар вилояти Суғд Ахмедова Умедахон ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом доданд ва Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода намояндагони БОҶ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили густариши робитаҳо вобаста ба кӯмакҳои башардӯстона, таъмини хонандагон бо хӯроки гарм дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳо табодулӣ назар намуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин созмони бонуфуз натиҷаи заҳматҳои Пешвои муаззами миллат аст.
Ҷонибҳо зимни мулоқот робитаҳои дуҷонибаро дар самти татбиқи лоиҳаи таъмини хонандагон бо ғизои хушсифат хеле муҳим арзёби намуданд.
Ёдовар мешавем, ки барномаи БОҶ-и СММ дар 46 муассисаҳои таълимии ноҳия амал менамояд. Бо маблағгузории ин созмон ошхонаи ду муасисса (49-17) пурра таъмир ва мувофиқ ба меъёрҳои муосир гардонида шуд.
Ҳамзамон, ба як қатор муассисаҳо гармхонаҳо ва манбаҳои даромад мусоидат карда шуд, ки барои бозҳам беҳтар кардани шароити ғизонокӣ имкон медиҳад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия