АШТ: ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД.

 5 790 боздид

Имрӯз, 25.06.22 дар дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт   таҳти раёсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ  роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аъзоёни Шӯро, ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси ноҳия иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.

Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни баромади хеш қайд намуд:

“Сиёсати давлатии ҷавонон зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки сол аз сол имкониятҳои васеъ ва шароити мусоид аз ҷониби  Ҳукумати кишвар фароҳам оварда мешавад.»

Дар оғоз Раиси ноҳия ба кори Шӯро оғоз бахшид ва рӯзномаи маҷлис бо роҳи овоздиҳӣ тасдиқ карда шуд.

Дар идома мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Парвез Салоҳидинов маърӯза намуда, роҷеъ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва амалишавии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳия, фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дастовардҳо ва муваффақиятҳои ҷавонони ноҳия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла илму фарҳанг ва варзиш маълумот дод:

Баъдан, Раиси ноҳия вобаста ба фаъолияти самти ҷавонон пурсиш ба амал овард.

Расулхонов Беҳзод хонандаи МТМУ № 14 барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилоят ва ноҳия аз номи ҷавонони ноҳия изҳори сипос намуд.

Сипас, Раиси  ҷамоати деҳоти Меҳробод Абдурашид Ҳотамов вобаста ба фаъолияти ҷавонони Ҷамоати деҳоти Меҳробод маълумоти муафассал дод.

Баъдан, азои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, омӯзгори ҷавон аз МТМУ № 13-Ҷамоати деҳоти Понғоз, Имомова Таҳмина баромад намуд.

Дар фарҷоми кори ҷаласа бо овоздиҳии аъзоёни Шӯро қарори дахлдор қабул гардида, Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷавонони болаёқат ва ғолибони даври ноҳиявии озмуни   ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон ватани азизи ман”-ро бо Диплом, Сипоснома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.