АШТ: ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

 596 боздид

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷавонони фаъол ва гирандагони стипендияи Раиси ноҳия ширкат варзиданд.

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода зимни баромади хеш қайд намуд, ки “Сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, то ба имрӯз ҳар як иқдоми созандаи ҷавонон дастгирӣ ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳо ҳамеша қадр карда мешаванд. Ифтихор мекунам, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок доранд.

Дар идома мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Меличонов А. маърӯза намуда, роҷеъ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва амалишавии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ноҳия, фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, дастовардҳо ва муваффақиятҳои ҷавонони ноҳия дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла илму фарҳанг ва варзиш ҳарф зад.

«Аз ҷониби масъулин ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ як қатор озмунҳои ноҳиявӣ иншои беҳтарин ва мақолаи беҳтарин дар мавзӯҳои “Артиши милли сипари боэътимоди Ватан”, “Хизмат ба Ватан шараф аст”, “Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат” ва амсоли инҳо гузаронида шуданд. Ҳамзамон, байни ҷавонони ноҳия конфронсҳо, семинар – машваратҳо дар мавзӯҳои беҳтар намудани масоили тарбияи ҳарбӣ – ватанпарастии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, ҷавонон-ҷонибдори сулҳ, дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолият, Навруз ниегони мо, мо ҷавонон бар зидди терроризм бо фарогирии зиёди ҷавонон ташкилу баргузор карда шуданд.»
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.