Имрӯз мардуми хайрхоҳу саховатманд ҷиҳати рафъи бемории сироятии КОВИД-19, ки саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, бетараф нестанд.
Воқеан марҳилаи хеле ҳассосу санҷишӣ моро пеш омада, ки бояд айни замон якдигарро дастгирӣ кунем, аз ҳоли ҳам бохабар бошем, бетарафӣ зоҳир нанамоем, беморон, ниёзмандонро аз хотир набарорем, билохир Одам бошем, бо ҳарфҳои бузург!
Тибқи иттилои сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт Абдурауф Имомов маъмурияти БМН баъди бистарӣ намудани беморон бо илтиҳоби шадиди шушҳо ҷиҳати таъмини муолиҷаи босифат (таъмини беморон бо доруворӣ, табибон бо либосҳои худмуҳофизатӣ…) корро ҷиҳати ҷалби ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ашхоси алоҳида, соҳибкорону шахсони саховатманд пурзӯр намуд.
Ин ҷо зикри ашхосе, ки дар ин рӯзҳои ҳассосу вазнин амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро пеша намуданд ва ин амал айни замон хеле саривақтист, ҷойиз медонем.
Бояд гуфт, дар ин самт худи табибон намунаи ибратанд: Нозанин Ҳувайдуллоева, Матлуба Мирзоева, Музаффар Турсунов, Ислом Дадоматов, Наргис Орипова, Юлдошева Нодира ва чанди дигар аз ҷумлаи табибоне буданд, ки саҳми худро дар ин кори хайр гузоштанд.
Дар ин радиф соҳибкорону ашхоси сахопешаи ноҳия низ дастболо ҳастанд.
Кӯмаки соҳибкорони ноҳия сардори ҶДММ “Рахшона”—Шуҳратҷон Мамадҷонов (5 ҳазор сомонӣ) ва соҳибкор аз ҷ.д. Понғоз Ҳоҷимуҳаммад Ахмедов (400 дона ниқоб, 20 адад либоси махсус барои кормандони тиб, пур кардани 7 дона балони кислород аз ш.Хуҷанд маводи хӯрока, ва ғайра) боиси пайравист. Дар ин самт метавон аз меҳрубониву таваҷҷуҳи ашхоси дигар, чун Баҳром Умаров, Раҳимҷон Самиев, Атам Худойбердиев Ҳусейн Мирзоматов (ҷ.ш.Шайдон), Рафтор Мирзоев, Муҳаммад Абдувализода (ҷ.д.Понғоз) ва дигарон ёдовар шуд.
Гурӯҳи ҳоҷиён низ аз ин маърака ақиб намонда, дасти сахо дароз менамоянд.
Агар хонандаи азиз таваҷҷуҳ карда бошад, имрӯз фаъолияти волонтёрон, яъне, ихтиёриёни ташкилотҳои мухталиф мавриди пайравист, чун хеле бо масъулияти баланду ҳамэҳсосии беш ба беморону ниёзмандон кӯмак менамоянд. Дар ин самт метавон кӯмаки гурӯҳи волонтёрони ш.Хуҷанд бо номи Оператсия “СИЗ”, ки бо маблағи 9630 сомонӣ маводҳои худмуҳофизатӣ, дастпӯшак, антисептик ва дигар маводи ниёзи аввалро дастрас намудаанд, қайд кард.
Гурӯҳи дигари хайрхоҳону меҳандӯстон ин гурӯҳи “Шайдони ман” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук маҳсуб меёбад. Мудирияти гурӯҳ (Абдураҳмон Маҳмудов, Руслан Шодиев, Парвиз Маҳмудов, Ҳусейн Иззатуллоев дигарон), аъзоёни гурӯҳ дар ҳаҷми 3501 сомонӣ ба беморхонаи марказии ноҳия кӯмак карданд. Ин анҷоми кор нест, дар гурӯҳ ташвиқу тарғиб ҷиҳати ҳампаҳлӯву дастгири ҳам будан идома дорад ва аҳли гурӯҳ тасмим гирифтаанд, то қадри имкон дастгирӣ хоҳанд кард.
Бояд зикр намуд, бархе мегӯянд, хайр куну дар об парто. Шояд дуруст аст. Аммо мароми мо аз реклому муаррифии кори хайри инсонҳои саховатманд танҳо якест: изҳори сипос ва даъват намудани дигар саховатмандон ба ин амали нек!
Имрӯз зиндагӣ якояки моро месанҷад, пас, биёед, паҳлӯи ҳам, ҳамдарди ҳам, ғамгусори якдигар бошем!
Ёдовар мешавем, айни замон дар беморхонаи марказии ноҳияи Ашт 10 нафар бо бемории шушҳо, аз ҷумла, 6 нафар бо бемории шадиди шушҳо бистарӣ ҳастанд.
Т.МИСРОБӢ