АШТ: СИТОД ОИД БА РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ГУЗАРОНИДА ШУД

 399 боздид

25.09.2022.  вақт: 17:00

Имрӯз, дар Ҷамоати деҳоти Шодоба Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода бо мақсади саривақт ва беталаф ҷамъоварии ҳосили пахта 2022 ситод баргузор намуд.

Дар ситод намояндаи МИҲД-и вилояти Сугд Хоҷазода Насим, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ баён дошт:

Мо бояд ҳосили пахтаро дар саҳро бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ беталаф ҷамъоварӣ намоем. Пахтакорони ноҳия дар саҳро ҳосили хуб парвариш кардаанд ва сокинонро мебояд дар маъракаи чиниши пахта фаъолона иштирок намоянд ва бо ин васила вазъи иқтисодиашонро болотар бардоранд.

Вобаста ба раванди чиниши «Тиллои сафед» масъулин ба роҳбари ноҳия ва намояндаи МИҲД-и вилоят гузориш доданд.

Дар фарҷом Шӯҳрат Муҳаммадзода барои муташаккилона ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта 2022 ва саривақт пардохт кардани маблағи чинакчиён супоришҳои мушаххас дод.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.