АШТ: СИТОДИ ФАВРӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 109 боздид

16.09.2022 вақт: 17:00

Имрӯз, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт таҳти раёсати Раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вобаста ба нооромиҳо дар марзи Исфара ситоди фаврӣ гузаронида шуд.

Дар ситод роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроия, сардорони корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳбарият ва кормандони мақомотҳои қудратӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Раиси ноҳия зимни баромад таъкид дошт,:

“Сулҳ-ин неъмати бебаҳоро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои зиёд ба даст оварданд. Имрӯз дар атрофи Роҳбари давлат зич муттаҳид гашта, ҳар порчаи хоки Тоҷикистони азизро бо ҷону тан ҳифз мекунем. Ҳифзи Ватан аз имон, номус ва ғурури миллист. Тоҷикистон, ба пеш, бо Пешвои миллат!”

Баъдан, ҳозирин бо як овоз баён доштанд, ки бо як ишора барои ҳифзи эъморӣ давлатдорӣ ва оромиш дар Ватан раҳсипор мешаванд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.