АШТ: СИТОДИ НОҲИЯВӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИКӢ ДОИР ГАРДИД

 411 боздид

Имрӯз таҳти раёсати Раиси ноҳия Зариф Мирдадо дар толори хурди МИҲД-и ноҳия ситоди ноҳиявӣ баргузор шуд.
Раиси ноҳия ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои пешгирӣ аз бемории COVID-19, вусъат бахшидан ба ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба риояи қоидаҳои беҳдошт тавассути фаъолияти гурӯҳҳо ва ташвиқу тарғиб тавассути ВАО, омодагии ҳамаҷонибаи соҳаи тандурустӣ ба ҳамагуна вазъият сухан гуфт.
Қайд карда шуд, мо ҳама бояд дар андешаи саломатии худ ва аҳли оилаву пайвандон, наздикони худ бошем. Дар беморхонаи марказии ноҳия маркази алоҳида бо фарогирии таҷҳизот таъсис дода шавад, ки барои пешгирии беморӣ мусоидат хоҳад кард. Безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, назорати нархи доруворӣ дар дорухонаҳо ва ҳамчунин назорати нарху наво дар бозорҳо бояд дар мадди назари масъулин қарор гиранд. Дар хона нишастан ва беҳуда ба кӯча набаромадан, назорати фарзандон аз ҷониби волидон, доир накардани чорабиниҳои мухталиф муҳим аст.
Донишҷӯёне, ки аз шаҳру навоҳии кишвар ба ноҳия бармегарданд, бояд тайи ду ҳафта дар хонаҳои худ дар ҳолати карантинӣ қарор гиранд ва табибони оилавӣ пайваста аз ҳоли онҳо бохабар шаванд. Ҳар нафар ҳангоми табъ кардан бояд ба духтури оилавӣ муроҷиат намояд.
Беморхонаҳо, МНДСЭ-и ноҳия ва маркази саломатии ноҳия ҷиҳати пешгирии беморӣ, захираи маводҳои зарурӣ омода буда, тибқи иттилои масъулини соҳаи тандурустӣ беш аз бист адад либосҳои худмуҳофизатӣ дастрас шудаву боз рӯзҳои наздиктарин 50 адад чунин либосҳо омода мегарданд.
Раиси ноҳия ба масъулини соҳаи тандурустӣ дастур дод, то ҳамарӯза ҳисоботи беморони бақайд гирифташуда ва вазъи эпидемикии ноҳияро пешниҳод намоянд.
Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.