АШТ:  СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ  ДАР НОҲИЯ ТАРИҚИ ҲАШАР ИДОМА ДОРАД.

 415 боздид

12.03.2023

Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода ва  шахсони дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, ки  тариқи ҳашар дар ҳудуди  Понғой-сойи Ҷамоати деҳоти Понғоз бо иштироки беш аз 200 нафар ҷараён гирифт, дидан намуд.

Зимни сафари корӣ Шӯҳрат Муҳаммадзода бо сокинони меҳнатқарину ободкори ҷамоат сӯҳбати кушоду самимӣ анҷом дода, барои саҳми арзанда  дар корҳои ободониву созандагӣ, изҳори миннатдорӣ намуд:

» Имрӯз вақти нангу номус омадааст ва ҳамеша мо дар атрофи Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят муттаҳид шуда, бояд ноҳияро обод кунем. Ифтихор аз он дорем, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия ҳамеша барои ободу зебосозӣ кӯшиш менамоянд. Соҳилмустаҳкамкунӣ, ки тариқи ҳашар ҷараён дорад, асоси гуфтаҳои болост. »

Ба Раиси ноҳия  маълумот дода шуд, ки   баҳри пешгирии офатҳои табии   аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша ҳамасола чунин  иқдомҳо амалӣ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар Ҷамоати деҳоти Ашт низ соҳилмустаҳкамкунӣ бо иштироки васеи фаъолон ҷараён дорад. Барои безарар гардондани офатҳои табии ҳама чораҳо дар амал тадбиқ мегардад.

Дар идомаи боздиди корӣ   аз шароити будубоши сарбозони қисми низомӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Понғоз Раиси ноҳия Шӯҳрат  Муҳаммадзода шинос шуд:

«Шумо сарбозони далеру шуҷои Ватан ҳамеша зери таваҷҷӯҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат ҳастед. Барои дар сатҳи баланд адо намудан хизмат тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст-иброз дошт Раиси ноҳия.

Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.