Ашт. Сокинон бо маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашон роҳҳоро мумфарш намуданд

 457 боздид
Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ вусъат меёбад.
Сокинони деҳаи Гулшани ноҳия пас аз мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар тасмим гирифтанд, ки маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро дар ободонии маҳал сарф намоянд.
Занону бонувони ин деҳа ташаббус нишон дода, дар кори хайр саҳмгузорӣ намуда истодаанд ва ин амали худро садақаи ҷория медонанд. То имрӯз 7 км роҳи асосии деҳа мумфарш гардида, ин иқдом дар дигар деҳаҳои ноҳия низ идома меёбад.
Дар назар аст, ки аҳолӣ 30 км роҳи деҳаҳоро мумфарш карда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирад.
Ҳамзамон, сокинони ноҳия ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, ният доранд, ки беш аз 80 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бунёд созанд.
Раиси вилоят иқдому ташаббусҳои наҷиби сокинонро ба манфиати ҷомеа арзёбӣ карда, илова намуд, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода хоҳад шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал ва бунёди иншооти иҷтимоиро кори хайру савоб унвон карда, таъкид кард, ки ҳар гушаву канори меҳани муқаддасамонро бояд ободу зебо намоем.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.