Санаи 9 май роҳбарияти ноҳияи Ашт ва як қатор сардорони корхонаву муассисаҳои маркази ноҳия бо гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи “Модари маҳзун” хотири ҷавонмардони ҷонфидои ноҳияро шод намуданд.
Бо арзи эҳтирому самимияти беандоза ба ҷоннисорӣ, ҷасурӣ, мардонагӣ ва ватандӯстии фарзандони арзандаи миллат бори дигар аз рафтагон ёд карда шуд.