АШТ: СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАҲПАЙМОӢ

 483 боздид

Дирӯз бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи Исмоили Сомонӣ бо иштироки  хонандагони муассисаҳои таълимии маркази ноҳия роҳпаймоӣ баргузор шуд. Хонандагон бо шиору шеърҳои ватандӯстона ва партавафшонии Парчами Тоҷикистон аз маркази ноҳия ба саҳни МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов ҷамъ омаданд.

Дар назди хонандагону омӯзгорон намояндаи Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд—Абдувосит Салимов, муовини Раиси ноҳия—Ҷамшед Маҳмудзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳия—М.Ҳайдарӣ баромад намуда, насли наврасро ояндасози миллат ва идомадиҳандаи кору пайкори фарзандони арзандаи меҳан арзёбӣ намуданд.

Дар саҳни МДВ Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов 60 нафар хонандагон ба сафи зинаи “Ворисони Сомониён” қабул гаштанд. Як гурӯҳ омӯзгорон ва ғолибони озмунҳо бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд. Аз ҷониби хонандагон барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди саҳначаву рақсу суруд манзури ширкаткунандагон карда шуд.

Т.МИСРОБӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.