Нимаи дуюми имрӯз, дар интернати давлатии наздимактабии №2-и маркази ноҳия, бахшида ба истиқболи Соли нави милодӣ чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии идонаи ин муассиса Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати тандурустии вилоят Мақсудзода Фаррух, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ ба Интернати давлатии наздимактабии №2-и шаҳраки Шайдон иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ҳозиринро ба муносибати истиқболи Соли нави милоди табрик намуд.
Мақсудзода Фаррух сардори Раёсати тандурустии вилоят, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Соли нави милодӣ ба самъи иштирокдорон расонид.
Дар охир ба бошандагони Интернати давлатии наздимактабии №2 туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.
Инчунин Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, сардори Раёсати тандурустии вилоят Мақсудзода Фаррух ба қисмҳои низомии 0216-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ-и вилояти Суғд дар ноҳияи Ашт ва 14356Б-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ташриф оварда, сарбозону афсаронро ба муносибати Соли нави милодӣ табрик намуданд.