АШТ: ТАҶЛИЛИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ — 2023

 6 336 боздид

21.03.2023

Субҳи имрӯз пеш аз оғози чорабиниҳои Наврӯзӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини авваои Раиси вилоят Хол Ҳайдар,  Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин,  ба 5 нафар собиқадорони меҳнат кӯмакпулии яквақтаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро дар ҳаҷми 500 (панҷсад) сомонӣ ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз – 2022 супорида шуд.

Сипас, ҷашни Наврӯзи байналмилал дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо ширкати зиёда аз 10 000 нафар сокинони касбу кори гуногун, табақаҳои мухталифи ноҳия, сарбозону аскарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар чорабинии Наврӯзӣ Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини аввали Раиси вилоят Хол Ҳайдар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин,  муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони Раёсату кумитаҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат бо ҳамроҳии меҳмонон аз хаймаҳои наврӯзии корхонаву ташкилотҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ки бо таъомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дидан карданд.

Сипас, сокинони  сарбаланди ноҳияро  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин,  муовини аввали Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, Раиси ноҳия Муҳаммадзода Шӯҳрат тамоми сокинони ноҳия ва иштирокдоронро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз – 2023 табрик намуданд.

Дар идома, аз ҷониби меҳмонон корхонаву ташкилот ва ҷамоатҳое, ки дар озмуни наврӯзӣ аз рӯйи 5 номинатсия иштирок намуда, ғолиби озмун гардиданд бо Сипосномаи Раиси ноҳия ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идома, барномаи рангини  фарҳангӣ чорабинро ҳусни хоса бахшид, баромади ҷолиби ҳофизон ва гурӯҳи рақсҳои ҳунарӣ пешкаш карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки тантанаҳои Наврӯзӣ идома дорад, дар боқимонда ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил карда мешавад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.