АШТ: Таҷлили “Иди Ҳосилот” дар ноҳия

 258 боздид

Санаи 11 — уми декабри соли 2021 дар толори муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов” “Иди Ҳосилот” бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳия Мирдадо Зариф, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маҳмудзода Абдуазиз, як гурӯҳ меҳмонон аз ноҳияи Поп ва Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Узбекистон бо роҳбарии Онарбоев Равшанҷон Алиҷонович, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату кумитаҳо, сарварони ташкилоту идораҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вакилон, раисони ҷамоату шаҳраку деҳот, собиқадорони соҳаҳо, собиқ Раисони ноҳия ва собиқ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии идона ин дар муҳлатҳои муайян ва бо сифати баланд таъмини иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта дар соли 2021 ва ҳиссагузории кишоварзони ноҳия дар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят Абдуллозода Шарифулло ва муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маҳмудзода Абдуазиз Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, ба Раиси ноҳия ва роҳбарияти ҶДММ “Рахшона” Сипосномаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Раиси ноҳияи Ашт, Мирдадо Зариф дар баромади худ иброз дошт, яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар ин соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки имрӯз дар ин соҳа беш аз 70 фоизи сокинони ноҳия машғули фаъолият буда, аз ҳисоби умумии содирот 25 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва 35 фоизи даромад ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад.
Масоҳати умумии заминҳое, ки барои корҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошанд, 33 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд ва боқимонда заминҳо (134 ҳазор га) барои парвариши чорво ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад.
Ҳамасола дар заминҳои обёришаванда беш аз 10 ҳазор тонна ғалладонагӣ, 4 ҳазор тонна картошка, 10 ҳазор тонна сабзавот ва 30 ҳазор тонна меваҷот истеҳсол карда мешавад.
Соҳаи пахтакорӣ — соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, соли равон дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд.
Соли ҷорӣ хоҷагиҳои пахтакор дар майдони 6183 гектар тухмиҳои аълосифати пунбадонаро кишт намуданд.
Саривақт гузаронидани тадбирҳои агротехникӣ, нигоҳубини пахтазор, таъмини оби полезӣ ва ҳимоя аз касалиҳову ҳашаротҳои зараррасон, имконият фароҳам овард, ки соли равон дар хоҷагиҳои пахтакории ноҳия ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карда шавад.
Маҳз, заҳмати шабонарӯзӣ, таҷрибаи касбии пахтакорон ва дастгирии ҳашарчиён буд, ки соли ҷорӣ дар ноҳия ба миқдори 19200 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 124,2 фоизи дурнамои солона буда, нисбати нишондиҳандаи ҷамъбастии соли 2020 5620 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия соли равон ба 31,0 сентнерӣ расонида шуд, ки аз нишондиҳандаи ҷамъбастии соли 2020 (22,4 сентнерӣ) 8,6 сентнерӣ зиёд мебошад.
Боиси қайд аст, ки пахтакорони ноҳия дар давоми давраи соҳибистиқлолии кишвар аз соли 1994 то инҷониб бори аввал ба чунин нишондиҳандаи баланди истеҳсолӣ ноил гардида, дар ҷумҳурӣнисбати дигар ноҳияҳои пахтакор яке аз аввалинҳо аввалин шуда ба марраи мурод расиданд, ки ин боиси ифтихор аст.
Боназардошти истифодаи самараноки заминҳои корам дар ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ба таври доимӣ чораандешӣ карда мешаванд. Бо ин мақсад давоми солҳои охир бо харҷи 2,8 миллион сомонӣ ҳолати мелиоративии 4 ҳазору 429 гектар заминҳои обии ноҳия беҳтар карда шуданд. Таъминот бо нуриҳои минералӣ, тухмиҳои аълосифат ва истифодаи самараноки техникаҳои нав боис гардид, ки ҳосилнокии заминҳо баланд гардад.
Нишондиҳандаи баланд, ки имрӯз мо дар ғуничини пахта ба даст овардем, нисбати солҳои пешин, (як маротиба соли 1993 чиниши пахта то ба 17 ҳазор тонна расидааст) хеле назаррас мебошанд
Боиси қайд аст, ки соли равон бо дастгирии ҳокимияти ноҳияи Поп ва вилояти Намангон аз канали шимолии Фарғона ба ҷойи 8,5 миллион метри мурабба 16 миллион метри мурабба оби полезӣ ба ноҳия ворид гардид, ки бешак дар нашъунамо ва ҳосили фаровони пахта таъсири мусбии худро расонид. Аз ин лиҳоз, ман ба тамоми кормандони идораи обтаъминкунии канали шимолии Фарғона ва мутасаддиёни ҳокимияти вилояти Намангон миннатдории самимӣ баён менамоям.
Аз фурсат истифода бурда, ба ҳамаи онҳое, ки дар кишту кор, ғунучин ва ба хирман супоридани ҳосили пахта ва истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ фаъолона иштирок ва саҳми назаррас гузоштанд, миннатдории хеш ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мерасонам. Раҳмат!
Боварии комил дорам, кишоварзони ноҳия минбаъд низ баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, дар таъмини рушди минбаъдаи соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, беҳтар намудани аҳолӣ бо ғизои хушсифат саҳми назарраси худро мегузоранд.
Ман бори дигар меҳмонон, ҳозирин ва мардуми ноҳияро ба муносибати ҷамъбасти истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ-“Иди Ҳосилот” табрик гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, сарбаландӣ ва ба мардуми ду кишвари ба ҳам дӯст оромишу осудагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстии ҳамешагиро таманно дорам.
Иди ҳосилот муборак!
Сипас аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба як қатор сардорони Раёсату шуъбаҳо, кормандони масъули самти кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.
Дар охир ҷиҳати болидахотирии иштирокчиёни чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ ташкил карда шуд.
Инчунин ба меҳмонон ва собиқадорони соҳа дар Маҷмааи фарҳангӣ фароғатии 30-солагии Истиқлол як пиёла чойи идона баргузор карда шуд.
Дар асоси барномаи таҳиягардида, баъди нисфирӯзӣ роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон дар деҳаи Марҳамати Ҷамоати деҳоти Ошоба дар мусобиқаи пойга ва бузкашӣ ширкат варзиданд.
Мақсад аз ташкили мусобиқаи мазкур тарғиби расму оинҳои миллӣ, ривоҷу равнақ додани анъанаҳои миллии бузкашӣ, аспдавонӣ бахшида ба солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳаводорони ин намуди варзиш ширкат варзиданд. Бояд қайд кард, ки иштирокчиёни фаъол ва ғолибони мусобиқаҳо бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.


Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.